Алюминий

0
1 578

Ширкати Алюминийи Тоҷик (ТАЛКО) истеҳсолкунандаи асосии алюминий дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори лоиҳавии 517 ҳазор тонна алюминийи аввалия дар як сол мебошад. Албатта, пастшавии нархи ҷаҳонии алюминий ба истеҳсолоти Тоҷикистон таъсири манфӣ расонд. Дар натиҷа дар соли 2016 ҳамагӣ 156 тонна алюминийи аввалия дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда шуд. Аз соли 2009 инҷониб, корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи TALCO Cable, инчунин истеҳсоли 40 намуди маҳсулоти ноқилиро, ки имрӯзҳо ба тамоми стандартҳои байналмиллалии сифат ҷавобгӯ буда, ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо содир карда мешаванд, ба роҳ мондааст.

Ба кор даровардани корхонаи истеҳсоли ноқилҳои барқӣ дар соли 2011 боз як дастоварди ширкати "Талко Менеҷмент Ltd" дониста мешавад. Айни ҳол дар ин корхона дар як сол 10 ҳазор тонна ноқили барқ истеҳсол карда мешавад.

Сифатҳои баланди маҳсулот ва рақобатпазирии он ширкатро соҳиби мукофотҳои байналмилалӣ гардонидааст. Соли 2008 Ширкати Алюминийи Тоҷик лауреати мукофоти байналмилалии "Корхонаи беҳтарини Аврупо" гардид ва маҳсулоти он бо нишонаи "Сифати аврупоӣ" қайд гардид.