Ангишт

0
1 254

Захираҳои Тоҷикистон қариб тамоми намуди ангишт - аз ангишти қаҳваранги Шӯроб сар карда, то антрасити беназири Назар-Айлоқро дар бар мегиранд. Феълан захираи ангишти кишвар 3,8 миллиард тонна арзёбӣ мешавад.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 11 кони ангишт муайян карда шуда, қисман мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Истихроҷ дар 18 корхона гузаронида мешавад, ки бузургтаринашон кони Фон Яғноб мебошад. Иқтидори ин кон дар як сол истихроҷи 600 ҳазор тонна ангишт мебошад.

Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҷалби сармоя ба соҳаи ангишти ватанӣ сатҳи маҳсулнокии корхонаҳои ҷумҳурӣ дар солҳои охир хеле афзудааст. Ҳамин тавр, дар соли 2015 истихроҷи ангишт дар кишвар 1 миллиону 42 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 1991 се маротиба зиёд аст.

Захираҳои азими ангишт дар Тоҷикистон барои зиёд кардани ҳаҷми истихроҷ ва коркарди он ҷиҳати ташкили истеҳсоли маводи сӯзишворӣ, кимиёвӣ ва технологӣ дар соаҳаи саноатӣ имконияти хуб мебошанд. Дар ин ҳолат, истифодаи оқилонаи ангишт метавонад ба рушди саноати кимиё ва металлургияи ранга мусоидат кунад.