Занбӯриасалпарварӣ

0
1 131

Дар Тоҷикистон занбӯриасалпарварӣ як ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, таърихи қадима дорад. Олими машҳур Абӯ Алӣ ибни Сино (Авитсенна) дар асари худ «Қонуни тиб» манфиатҳои асал ва заҳри занбӯрро ба саломатии инсон қайд мекунад.

Теъдоди зиёди гиёҳҳои шаҳдбор дар ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки аз 500 то 600 ҳазор оилаи занбӯри асал, ки метавонанд дар як сол аз 10 то 12 ҳазор тонна асал ва ҳамчунин миқдори зиёди дигар маҳсулот, ба мисли мум, прополис, гарда ва заҳри занбурро ҳосил кунанд, парвариш намуд. 

Дар Тоҷикистон барои рушди занбӯрпарварӣ пойгоҳи бузурги хӯрок мавҷуд аст. То имрӯз майдони замини асал тақрибан ба 5 миллион гектар баробар аст. Ин имкон медиҳад, ки истеҳсоли асал дар як сол то 30 то 40 ҳазор тонна афзоиш дода шавад.