Саноати бофандагӣ

0
1 401

Дар давоми солҳои охир ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ ба саноати нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле афзудааст. Сохтмони марҳилаи якуми Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Джунтай Дан-гара Синсилу Текстил» дар ноҳияи  Данғара мисоли равшани ин аст.

Иқтидори ин корхона имкон медиҳад, ки дар як сол 52 ҳазор тонна нахи пахта коркард шуда, то 150 миллион метри мураббаъ матоъ истеҳсол карда шавад. Ширкатҳои истеҳсоли пахта Олим-Текстайл ва Хуҷанд-Инвест-Поттон низ дар ин самт муваффақ мебошанд.

Бояд қайд кард, ки имрӯз дар кишвар нахи пахта, матоъҳои пахтагӣ, либос ва матоъҳо бо такмили иловагии нассоҷӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар кишвар 107 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият доранд, ки беш аз 120 ҳазор тонна нахи баландсифати пахтаро истеҳсол мекунанд. Аз ин теъдод танҳо 12,000 тоннааш аз ҷониби корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон коркард мешаванд. Ин дар ҳолест, ки иқтидори корхонаҳои ресандагӣ дар як сол ба беш аз 70,000 тонна нахи пахта баробар аст.