Коркарди мева

0
1 240

Меваҳои Тоҷикистон дар бисёр кишварҳои дунё, на танҳо аз ҳисоби аз ҷиҳати экологӣ тоза будан, балки бо тамъу мазаи нотакрори худ талабгори зиёд доранд.  

 Шароити нодири иқлими ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар ин ҷо зардолу, шафтолу, ангур, себ, нок, хурмо, анор ва меваҳои ситрусӣ парвариш карда шаванд. Сабзавоту меваҳо аз рӯи содирот дар ҷумҳурӣ баъд аз пахта дар ҷойи дуввум қарор доранд.

Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои коркарди мева рӯз аз рӯз меафзояд. Яке аз омилҳои муҳим он аст, ки дар чунин ҳолат меваҳои хушк ба осонӣ интиқол, ҳифз ва бо нархи баланд фурӯхта мешаванд. Солҳои охир ин соҳаи саноат дар Тоҷикистон аз ҳисоби содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда суръати рушд устуворро нишон медиҳад.