Пахта

0
1 333

Пахта то имрӯз ҳам қисмати асосии маҳсулоти содиротии Тоҷикистонро ташкил мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, аз се як ҳиссаи тамоми заминҳои корами ҷумҳурӣ ин зироати кишоварзӣ дар бар мегирад. Бинобар шароити муносиби агро-экологӣ, аз ҷумла 10 моҳи рӯзҳои офтобӣ дар як сол ва захираҳои фаровони обӣ ҳамасола дар кишвар то 400 ҳазор тонна пахтаи босифат истеҳсол кардан имконпазир аст.