Кишоварзӣ

0
1 677


Яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки имрӯз аз ҳисоби он тақрибан 23,3%-и ММД, беш аз 70%-и ҷойҳои корӣ, 25%-и содирот ва 35%-и воридоти андоз ба буҷети давлат таъмин мегардад.

Новобаста аз он ки шароити иқлими ҷумҳурӣ барои парвариши ҳама навъҳои зироатҳои ғалладона мувофиқ аст, релефи кӯҳӣ имкониятҳои аҳолиро дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то андозае маҳдуд мекунад.

Масоҳати умумии заминҳое, ки барои корҳои кишоварзӣ мувофиқ мебошанд, 7,2 миллион гектарро ташкил медиҳад ва қисми зиёди он барои парвариши чорво ҳамчун чарогоҳ истифода мешавад. Майдони кишти зироатҳо ҳамагӣ 675 ҳазор га-ро ташкил мекунад, ки аз он танҳо 470 ҳазор га обёрӣ карда мешавад. Ҳамчунин 180 ҳазор гектари ин заминҳо ба сифати боғу токзор дар истифода аст.

Ҳамасола дар заминҳои обёришаванда ва лалмии Тоҷикистони офтобӣ беш аз 1,4 миллион тонна ғалла, 900 ҳазор тонна картошка, 1,6 миллион тонна сабзавот, 595 ҳазор тонна харбуза ва 300 ҳазор тонна мева истеҳсол карда мешавад. Бояд қайд кард, ки дар соли 2016 ҳаҷми содироти сабзавот ва меваҳои Тоҷикистон аз 200 ҳазор тонна убур намуд.