Гидроэнергетика

0
2 426

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бепоёни гидроэнергетикӣ буда, аз рӯи захираҳои мушаххаси худ (ба ҳар сари аҳолӣ ва воҳиди ҳудудӣ) дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад. Солона Тоҷикистон дорои иқтидори истеҳсолии 527 миллиард кВт / соат неруи барқ аст, аммо имрӯз аз ин имконот танҳо 6%-аш истифода мешавад.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - истиқлолияти энергетикӣ як қатор тадбирҳоро амалӣ карда истодааст. Ҳамин тариқ, дар ин давра иншооти зерин сохта ва ба истифода дода шуданд:

• Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-1 бо иқтидори 670 МВт;

• Неругоҳи барқи обии Сангтӯда-2 бо иқтидори 220 МВт;

• 283 НБО-и хурд бо иқтидори 30 ҳазор кВт;

• НБО «Душанбе-2», иқтидори 400 мВт;

Хати интиқоли қувваи барқ 500 кВт.

Илова бар ин, татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди иншооти мавҷуда дар соҳаи энергетика идома дорад.

Дар айни замон, бо дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдид ва навсозии НБО Сарбанд (240 МВт) ва НБО Қайроққум (126 МВт) таҳия шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушд оид ба ҷудо кардани грант дар ҳаҷми 136 миллион доллари ИМА барои навсозии НБО Сарбанд созишнома ба имзо расонид. Лоиҳаҳои навсозии неругоҳҳои барқии обӣ инчунин зиёд кардани иқтидори гидроагрегатҳоро то 10% пешбинӣ мекунанд, ки болоравии иқтидори онҳоро таъмин менамояд.