Маълумот оид ба маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
2 607

Маълумоти умумӣ оид ба маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои

 сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ба ҳолати 1-уми январи соли 2020)


Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2020 бо назардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳаҳо ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 65 адад (22 лоиҳаи грантӣ, 10 лоиҳаи қарзӣ ва 33 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 32,1[1] млрд. сомонӣ (3,32 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 16,9 млрд. сомонӣ (1,75 млрд. доллар) ё 52,6 фоиз, маблағҳои грантӣ 13,6 млрд. сомонӣ (1,41 млрд. доллар) ё 42,4 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,4 млрд. сомонӣ (144,6 млн. доллар) ё 4,4 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 190,7 млн. сомонӣ (19,7 млн. доллар) ё 0,6 фоизро ташкил медиҳад.




Манбаи маблағгузории маҷмӯи (портфели) лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда асосан аз сарчашмаҳои зерин иборат мебошад: Бонки Осиёгии Рушд 889,6 млн. доллар ё 26,8 фоизи маблағи умумии портфел, Бонки Умумиҷаҳонӣ 575,6 млн. доллар ё 17,4 фоиз, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд 490,4 млн. доллар ё 14,8 фоиз, Ҷумҳурии Халқии Хитой 479,4 млн. доллар ё 14,4 фоиз, Бонки Исломии Рушд 143,9 млн. доллар ё 4,3 фоиз, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ 89,7 млн. доллар ё 2,7 фоиз, Бонки Осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 87,5 млн. доллар ё 2,6 фоиз, Фонди Саудии Рушд 85,0 млн. доллар ё 2,6 фоиз, Бонки Олмонии Рушд 55,3 млн. доллар ё 1,7 фоиз, Фонди байналмилалии рушди соҳаи кишоварзӣ 53,1 млн. доллар ё 1,6 фоиз, Фонди Қувейтии рушди иқтисодии Араб 42,5 млн. доллар ё 1,3 фоиз, дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ/давлатҳои донор 163,9 млн. доллар ё 4,9 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 144,6 млн. доллар ё 4,4 фоиз ва дигар сарчашмаҳо (саҳми корхонаҳои давлатии ватанӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғ.) 19,7 млн. доллар ё 0,6 фоиз.




Дар соли 2019 дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 3,16 млрд. сомонӣ (326,1 млн. доллар) азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 91 фоизи нақшаи молиявии соли ҳисоботӣ (нақшаи молиявии умумии соли 2019 – 3,5 млрд. сомонӣ ё 360,1 млн. доллар) баробар аст. 

Аз ҷумла дар соҳаҳои:

- энергетика дар доираи 12 лоиҳа 107,9 млн. доллар (1,05 млрд. сомонӣ) ё ин, ки 86 фоизи нақшаи молиявии соли 2019;

- нақлиёт дар доираи 10 лоиҳа 90,6 млн. доллар (817,0 млн. сомонӣ) ё ин, ки 99 фоизи нақша;

- ирригатсия/обёрӣ дар доираи 5 лоиҳа 26,1 млн. доллар (252,6 млн. сомонӣ) ё ин, ки 98 фоизи нақша;

- маориф дар доираи 4 лоиҳа 24,9 млн. доллар (241,0 млн. сомонӣ) ё ин, ки 121 фоизи нақша;

- хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи 16 лоиҳа 21,4 млн. доллар (207,5 млн. сомонӣ) ё ин, ки 72 фоизи нақша;

- тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи 6 лоиҳа 17,7 млн. доллар (171,3 млн. сомонӣ) ё ин, ки 87 фоизи нақша;

- экология ва ҳолатҳои фавқулодда дар доираи 5 лоиҳа 9,6 млн. доллар (92,7 млн. сомонӣ) ё ин, ки 89 фоизи нақша;

- молия (аз ҷумла, қисматҳои «маблағгузории хурд»-и лоиҳаҳо) дар доираи 5 лоиҳа 7,4 млн. доллар (71,8 млн. сомонӣ) ё ин, ки 74 фоизи нақша;

- кишоварзӣ дар доираи 3 лоиҳа 8,7 млн. доллар (84,2 млн. сомонӣ) ё ин, ки 97 фоизи нақша;  

- дигар соҳаҳо дар доираи 3 лоиҳа 11,8 млн. доллар (114,7 млн. сомонӣ) ё ин, ки 76 фоизи нақша, азхуд карда шудааст.



[1] Қурби расмии асъор: 1 доллари ИМА баробар ба 9,6800 сомонӣ (ба ҳолати 30.12.2019с.)