Ваколатҳои Кумита

0
3 889

Ваколатҳои 

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

(22.05.2020)



Сана ва санад

Ваколатҳо

Сармоягузорӣ

 1.

- моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» аз 15 марти соли 2016, № 1299;

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2006, №590;

Мақоми ваколатдори давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи сармоягузорӣ татбиқ менамояд

 2.

- моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»аз 19 марти соли 2013, № 944;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиб ва шартҳои доир намудани музокироти мустақим дар доираи созишномаи сармоягузорӣ» аз 31 октябри соли 2014, № 693;

Мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати омода, пешниҳод ва ба имзо расонидани созишномаи сармоягузорӣ, инчунин пешбурди мониторинги иҷрои муқаррарот ва раванди татбиқи созишномаи сармоягузорӣ амалӣ намояд

  3.

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 феврали соли 2017 № 95;

- моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад" аз 11 декабри соли 1999, № 886;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба кушодани дархостҳои тендерӣ барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ тибқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 октябри соли 2010 № 500;

Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги истифодаи кумаки беруна

   4.

-моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» 26 декабри соли 2011, № 783

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми консессионӣ» аз 2 ноябри соли 2013, № 497

Мақоми ваколатдори давлатии консессионӣ

  5.

-моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» 26 декабри соли 2011, № 783

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми консессионӣ» аз 2 ноябри соли 2013, № 497

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешбурди Феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ

  6.
 - қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ» аз 21 июни соли 2018 № 330

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро гузаронида, ҳар сол то 1 март оид ба натиҷаҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон маълумот пешниҳод намояд;

- аз рӯи натиҷаҳои арзёбӣ оид ба роҳҳои беҳтар гардонидани фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва масъалаи ҷобаҷогузории роҳбарони онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд.

Соҳибкорӣ

  7.

- моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ" аз 26 июли соли 2014, № 1107;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» аз 31 январи соли 2015, № 33;

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ

  8.

- моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” аз 21 феврали соли 2018, №1505;

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

  9.

- моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" аз 2 августи соли 2011, №751;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ» аз 31 майи соли 2012, № 286;

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ

  10.

-моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ” аз 27 ноябри соли 2019, №602

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатномадиҳӣ

  11.

- моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" аз 25 декабри соли 2015, № 1269;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз 8 августи соли 2016, № 345;

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор

  12.

- моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз 1 октябри соли 2012, № 915;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз 3 июни соли 2013, № 250;

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Моликияти давлатӣ

  13.
  • моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти нархгузорӣ (баҳодиҳӣ)” аз 28 июли соли 196;
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 “Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)”

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)

  14.

- моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 майи соли 1997, №464;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2006, №590;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурӯш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ» аз 2 августи соли 2010, №391;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо ва тендерҳо»  аз 1 марти соли 2004, №98;

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ

   15.

- моддаҳои 11 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз 5 марти соли 2007, №237;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани корхонаи давлатӣ ва воҳиди сохтории он» аз 2 августи соли 2010, №392;

Мақомоти ваколатдор оид ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил додани корхонаҳои давлатӣ

   16.

- моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 декабри соли 1990, № 184

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» аз 2 ноябри соли 2011, №537

Мақомоти ваколатдор дар самти ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ