Худро аз коронавирус эҳтиёт кунед!

0
331
Тавсияҳои созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ:
  • Бо даст салом накунед, ҳангоми вохӯрӣ аз бӯса ва оғуш кардани якдигар худдорӣ намоед. Беҳтар аст бо табассум бо ишораи сар ё бо сухан салом гӯед.
  • Дар масофаи на кам 1,5 метр аз ҳамдигар дур истед.
  • Ба даҳон, бинӣ ва чашмҳо даст нарасонед, зеро аз даст вирус ё бактерияҳо бапардаҳои луобӣ зуд ворид мешаванд.
  • Дар автобу, микроавтобус ва таксӣ чизе нахуред.
  • Бо худ салфетка ё моеъҳои антисептикӣ гирифта, зуд-зуд барои безараргардонии дастони худ аз он истифода намоед.
  • Ҳангоми воридшавию беруноӣ ба нақлиёт ё биноҳо  дастони худро ҳатман бо маҳлули антисептикӣ безарар гардонед.
  • Аз шахсони бемор дар масофаи на кам аз 2 метр дуртар истед.
  • Ҳангоми аз хона баромадан ҳамеша бо худ гарданпеч ва даструймол бигиред, зеро дар ҳама гуна вазъияти шубҳанок бо онҳо метавонед руйи худро пӯшонед.